Парлумони Маҷористон президенти навро интихоб намуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал парлумони Венгрия сарвари нави давлат – Тамаш Шуйокро интихоб намуд, ки қаблан раиси Суди конститутсионӣ буд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар додааст.
Тамаш Шуйок дар мансаби президентӣ Каталин Новакро иваз менамояд.
Интихоби сарвари нави давлат дар рӯзи аввали иҷлосияи баҳорӣ баргузор гардид. Номзадии Тамаш Шуйоки 67 — сола аз ҷониби эътилофи ҳизбҳои ҳокими «ФИДЕС- Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон» ва шарикони хурди онҳо — демократҳои масеҳӣ пешниҳод шуд. Ҳангоми овоздиҳӣ ҳамаи вакилони тарафдори ҳукумат ба ҷонибдории Шуйок баромад намуданд, ки ин пирӯзии ӯро дар даври аввал таъмин намуд.
АКС: CC BY-SA 4.0








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






