Парлумони Маҷористон президенти навро интихоб намуд

Февраль 27, 2024 13:15

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал парлумони Венгрия сарвари нави давлат – Тамаш Шуйокро интихоб намуд, ки қаблан раиси Суди конститутсионӣ буд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус ТАСС хабар додааст.

Тамаш Шуйок дар мансаби президентӣ Каталин Новакро иваз менамояд.

Интихоби сарвари нави давлат дар рӯзи аввали иҷлосияи баҳорӣ баргузор гардид. Номзадии Тамаш Шуйоки 67 — сола аз ҷониби эътилофи ҳизбҳои ҳокими «ФИДЕС- Иттиҳоди шаҳрвандии Маҷористон» ва шарикони хурди онҳо —  демократҳои масеҳӣ пешниҳод шуд. Ҳангоми овоздиҳӣ ҳамаи вакилони тарафдори ҳукумат ба ҷонибдории Шуйок баромад намуданд, ки ин пирӯзии ӯро дар даври аввал таъмин намуд.

АКС: CC BY-SA 4.0

Февраль 27, 2024 13:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд