Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд

Февраль 21, 2024 14:51

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода  дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё  бо  муовини якуми Раиси Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб Тариқ Ҳумайд Матар Моҳд Алтайер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот иброз гардид, ки байни ду давлат  робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ амал менамоянд. Сарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ вохӯриҳои зиёди судманд анҷом медиҳанд, ки зимни онҳо муҳимтарин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба таври мушаххас баррасӣ мегарданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки ҳамкории сиёсӣ байни ду давлати бародар ва дӯст дар сатҳи олӣ қарор дошта, ҳоло заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабро 27 санади байнидавлативу байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ташкил медиҳанд.

Маълум аст, ки дар замони муосир пеш бурдани тиҷорату ҳамкории васеи иқтисодию сармоягузорӣ омили муассири рушди муносибатҳои дӯстона ва шарикӣ байни давлатҳо мебошад.  Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 36 ширкат бо сармояи муассисони Амороти Муттаҳидаи Араб фаъолият доранд.


Барои тақвият додани ҳамкорӣ байни давлатҳо ҳанўз имконияту иқтидор дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва рушду беҳсозии зерсохторҳои нақлиётию энергетикии дорои аҳамияти минтақавӣ вуҷуд доранд. Албатта, ҷониби Тоҷикистон ҳавасманд аст, ки дар ин бахшҳо раванди ҳамкориро бо Амороти Муттаҳидаи Араб дар сатҳи сифатан нав амалӣ намояд.

Гуфта шуд, ки яке аз абзори муҳими таҳкими ҳамкории парлумонӣ таъсиси гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ аст, ки моҳиятан пули дӯстиву ҳамкорӣ  байни ду маҷлис ва ду миллат маҳсуб мешаванд.

Дар Тоҷикистон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шурои миллии федералии Амороти Муттаҳидаи Араб таъсис дода шудааст. 25 феврали соли 2021 нахустин машваратҳои байнипарлумонӣ дар шакли маҷозӣ байни  аъзои Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 14:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Раиси Маҷлиси намояндагон бо Сафири Беларус дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд