Сӯхтори ҷангал дар Техас дар таърихи мушоҳидаҳои иёлат дуюмин бузургтарин гардид
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз сӯхторҳои ҷангал дар Техас (ИМА), дар минтақаи Хатчинсон беш аз 200 ҳазор гектарро фаро гирифт. Сӯхтори ҷангал, ки Smokehouse Creek номида мешавад, дуюмин бузургтарин сӯхтор дар таърихи мушоҳидаҳо дар Техас гардид, ки дар ин хусус шабакаи телевизионии CNN хабар додааст, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Тибқи иттилоъ, сӯхтор то ҳол бартараф нашудааст ва эҳтимоли паҳншавии бештари он вуҷуд дорад. Сокинони минтақаҳои ҳамсоя тахлия шудаанд.
Тибқи маълумоти хадамоти хоҷагии ҷангали Техас, сӯхтори бузургтарин ҷангал дар мавзеи шаҳри Амарилло буд, ки соли 2006 он беш аз 360 ҳазор гектарро фаро гирифт.
28 феврал ҳокими Техас Грег Эббот бинобар сӯхторҳои табиӣ дар 60 минтақа вазъияти фавқулодда ҷорӣ намуд. Мувофиқи маълумоти хадамоти хоҷагии ҷангали Техас, бузургтарин сӯхтор дар минтақаи Хатчинсон сабт шудааст. Дар бораи захмиён маълумот дастрас нест. Бо сабаби паҳншавии сӯхторҳои табиӣ дар Техас корхонаи васли силоҳи ядроии Pantex фаъолияташро қатъ намудааст.
АКС аз манбаъҳои боз








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






