Соли 2023 варзишгарони Артиши миллӣ барои дастовард соҳиби 95 медал гардиданд
ДУШАНБЕ, 04.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар «Кохи афсарон»-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо иштироки ҳайати роҳбариву фармондеҳии вазорат , намояндагон аз Федератсияи футболи Тоҷикистон, мураббиёну варзишгарон, афсарони Дастгоҳи марказии вазорат ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ маросими ҷоизасупорӣ ба варзишгарони Вазорати мудофиа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар доданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат заминаҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории соҳаи варзишро фароҳам овардааст. Ин аст, ки варзишгарони тоҷик пайваста дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иштирок намуда, дар арсаи байналмиллалӣ давлату миллатамонро муаррифӣ менамоянд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар Артиши миллӣ соли 2023 барои варзишгарони Вазорати мудофиа, хосса Клуби марказии варзиши артиш ба мисли солҳои қаблӣ соли бобарор ва пур аз дастоварду комёбиҳои арзандаи варзишӣ арзёбӣ мегардад. Зеро варзишгарони артиш давоми соли сипаригардида дар 14 мусобиқаи шаҳрӣ, 24 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ва 4 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, ба нишондиҳандаҳои назарраси варзишӣ ноил гардиданд.
Дар маҷмуъ, шумораи умумии медалҳои ба даст овардаи варзишгарон дар соли 2023 ба 95 адад баробар мебошад, ки ин аз рушди соҳаи варзиш дар Қувваҳои Мусаллаҳ гувоҳӣ медиҳад.
АКС: Вазорати мудофиаи Тоҷикистон








Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед






