Созмони Милали Муттаҳид барои мубориза бо хуруҷи вабо дар Замбия 2,5 миллион доллар ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид гузориш доданд, ки ба Замбия ҷиҳати мубориза бо хуруҷи вабо, ки бар асари он 574 нафар фавтида, ҳамарӯза аз 400 то 500 нафар сироят меёбанд, 2,5 миллион доллар ҷудо намудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар додаастд.
Ҳамоҳангсози ёрии таъҷилии Созмони Милали Муттаҳид Мартин Гриффитс рӯзи душанбе аз фонди марказии вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода (CERF) ҷиҳати дастгирии кишвар оид ба хуруҷи вабо маблағ ҷудо намуд, иттилоъ дод Раёсати ҳамоҳангсозии башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид (UKGV).
Дар якчанд давлатҳои Африқои шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ хуруҷи вабо ба қайд гирифта шудааст, ки сабабаш обхезии мавсимии дароз ва шадид мебошад.
АКС: «Синхуа»








Сокинони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатиро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карданд
Дар Панҷакент Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
ҲАММАРОМИ «ДИРАФШИ КОВИЁН». Парчами давлатӣ танҳо рамз нест, балки нишони нангу номус, шараф ва ягонагии тамоми сокинони Тоҷикистон аст
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






