ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, якшанбе, 49-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 18, 2024 08:00

18 феврали соли 2007 дар вилояти Суғд Фестивал-озмуни «Таронаи русӣ» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар  шаҳри Душанбе байни Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи савдо ва саноати Аморати Муттаҳидаи Араб созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

Соли 2016 дар Ҳиндустон ширкати маҳаллӣ — мобилии «Ringing Bels» арзонтарин смартфон дар ҷаҳонро ба фурӯш баровард, ки 3,6 доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзиш дошт.

***

18 феврали соли 2017 дар Ҷумҳурии Хакасия ба муносибати ҷашни Наврӯз маҳфили фарҳангӣ доир шуд

***

18 феврали соли 2019 Нашриёти «Ноширлик ёғдуси»-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон маҷмуи ғазалҳои шоири номвари тоҷик Камоли Хуҷандиро таҳти унвони «Гулдастаи ғазал» интишор ва дастраси ҳаводорони шеъри ноб гардонид. «Гулдастаи ғазал» ҳосили ҳамкории илмиву фарҳангии халқҳои ба ҳам дӯсти Тоҷикистон ва Узбекистон арзёбӣ мегардад.

***

18 феврали соли 2020 дар «Gulfood»-и Дубай хушкмева ва лимӯи тоҷикии Мейер муаррифӣ гардид

***

18 феврали соли 2019 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид намудани сарватҳои таърихию фарҳангӣ»- ро қабул намуданд.

***

18 феврали соли 2021  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон Абдулазиз Комиловро ба ҳузур пазируфтанд.

***

18 феврали соли 2022 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон соҳиби Ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гардид.

***

18 феврали соли 2023 дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат ва бахшида ба Солҳои рушди саноат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзуи «Мушкилоти геологӣ ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ» баргузор гардид.

18 ФЕВРАЛ:

Дар Гамбия — Рӯзи истиқлол.

***

Дар Исландия – Рӯзи занон.

ДАР ИН РӮЗ ТААЛЛУД ШУДААНД:

Сайдулло Абдуллоев -соли  1945 — муаррих, доктори илмҳои таърих (1996), профессор (1994). Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (1998).

Февраль 18, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 ноябр, панҷшанбе, 326-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 ноябр, чоршанбе, 325-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 ноябр, сешанбе, 324-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 ноябр, душанбе, 323-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 ноябр, якшанбе, 322-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 ноябр, шанбе, 321-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 ноябр, ҷумъа, 320-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 ноябр, панҷшанбе, 319-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 ноябр, чоршанбе, 318-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 317-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 ноябр, душанбе, 316-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 ноябр, якшанбе, 315-умин рӯзи соли 2024 аст