ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, душанбе, 57-умин рӯзи соли 2024 аст

Февраль 26, 2024 08:00

26 феврали соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамроҳ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2009 дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

*** 

26 феврали соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистон ва Нидерланд муҳокима шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2019  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2020 дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.

***

26 феврали соли 2021 Тоҷикистон ва Фаластин масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд.

***

26 феврали соли 2022 байни  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

26 ФЕВРАЛ:

Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Карим Абдулов-соли  1939- иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).

Февраль 26, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 сентябр, ҷумъа, 247-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 сентябр, панҷшанбе, 246-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 сентябр, чоршанбе, 245-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 сентябр, сешанбе, 244-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 август, душанбе, 243-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 август, якшанбе, 242-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 август, шанбе, 241-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 август, панҷшанбе, 239-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 август, сешанбе, 237-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 август, душанбе, 236-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 август, якшанбе, 235-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 август, шанбе, 234-умин рӯзи соли 2026 аст