Табибони дастаҳои мунтахаби футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии ФИФА дар Бостон иштирок намуданд

Февраль 12, 2024 19:00

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Табиби дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва «Истиқлол» — и Душанбе Фаррух Авезов ва табиби дастаи мунтахаби миллии занонаи мамлакат Гуландом Халилова дар конфронси тиббии Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА), ки дар Бостон (ИМА) баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Конфронси тиббии Федератсияи байналмилалии футбол табибони соҳаи варзишро аз саросари ҷаҳон дар ин вохӯрии муҳим ҷамъ овард ва ба онҳо имконият дод, ки дар доираи талошҳои ФИФА ҷиҳати  таъмини дастрасӣ ба футболи тиббӣ барои тамоми иттиҳодияҳои миллӣ мубодилаи дониш намоянд.

Конфронси тиббии дурӯза дар Бостон ба охирин таҳқиқоти илмӣ ва дастовардҳои тиббӣ дар футбол, инчунин нақши ФИФА дар таҳкими саломатии бозигарон дар ҳамаи сатҳҳо бахшида шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 12, 2024 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад