TASHKENT GRAND SLAM 2024 . Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 16 варзишгар намояндагӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – Tashkent Grand Slam 2024 дар ҳайати 16 нафар иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Мусобиқа аз 1 то 3 март бо иштироки 463 варзишгари беш аз 70 давлат баргузор мешавад.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) байни духтарон ва Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Беҳруз Ҳоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Акмал Муродов (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон ва Шакармаҳмад Мирмамадов (+100кг) байни мардон дохил мебошанд.
Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард






