Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид

Февраль 7, 2024 16:54

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид. Дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба бахши тиббии Вазорати адлияи Чили  иттилоъ медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Қаблан дар бораи ҳалокати 122 нафар хабар расида буд.

Хабар дода мешавад, ки  ҷасади 35 нафар дақиқ карда шуда,   8 ҷасад ба наздиконашон супорида шудааст.

Дар минтақаи Валпараисои Чили сӯхторҳои шадиди ҷангал идома доранд. Барои хомӯш намудани онҳо 1,4 ҳазор нафар сӯхторнишонҳо, артиш, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои оташнишонӣ ҷалб шудаанд. Президенти мамлакат Габриэл Борич эълон намуд, ки дар минтақа вазъияти фавқулода ҷорӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2024 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд