Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид. Дар ин хусус РИА «Новости» бо истинод ба бахши тиббии Вазорати адлияи Чили иттилоъ медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Қаблан дар бораи ҳалокати 122 нафар хабар расида буд.
Хабар дода мешавад, ки ҷасади 35 нафар дақиқ карда шуда, 8 ҷасад ба наздиконашон супорида шудааст.
Дар минтақаи Валпараисои Чили сӯхторҳои шадиди ҷангал идома доранд. Барои хомӯш намудани онҳо 1,4 ҳазор нафар сӯхторнишонҳо, артиш, ҳавопаймоҳо ва чархболҳои оташнишонӣ ҷалб шудаанд. Президенти мамлакат Габриэл Борич эълон намуд, ки дар минтақа вазъияти фавқулода ҷорӣ шудааст.
АКС аз манбаъҳои боз