Теъдоди ҳалокшудагон дар сӯхтори ҷангал дар Чили ба 122 нафар расид

Февраль 6, 2024 13:10

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 122 нафар дар натиҷаи сӯхторҳои ҷангал дар Валпараисо ҳалок шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС иттилоъ медиҳад, дар ин хусус хадамоти коршиносони судӣ хабар додааст.

Тибқи маълумоти хадамот, то соати 12:00-и 5 феврал ҷасади 122 нафар  пайдо шудааст.

Тавре ки коршиносони судӣ муайян намуданд, шахсияти 32 нафар мушаххас гардид. Қаблан дар бораи 112 нафар ҳалокшуда иттилоъ расида буд.

Президенти Чили Габриэл Борич 2 феврал дар Валпараисо бар асари сӯхторҳо вазъияти фавқулода эълон намуд. Тибқи арзёбии мақомот, беш аз 14 ҳазор хона пурра нобуд ё хароб шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2024 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад