Тоҷикистон ва Эрон ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ тақвият мебахшанд

Февраль 27, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 27.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Гуфта шуд, ки соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм, пайванди кулия, протезкунии пайвандҳо шуҳрати ҷаҳонӣ дошта, метавонанд ба идомаи ҳамкории ҳарду давлат барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ бахшанд.

Инчунин изҳори умедворӣ шуд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон боз ҳам тақвият меёбад.

Дар идомаи мулоқот ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла дар самти ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар ин мамлакат, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат дар соҳаи тибби мамлакат, коргарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд