ҶУДО. Паҳлавонони тоҷик дар «Baku Grand Slam 2024» иштирок менамоянд

Февраль 12, 2024 16:10

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16-18 феврал мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – «Baku Grand Slam 2024» (Озарбойҷон) баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 варзишгар – 8 мард ва 4 зан:  Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг) ба Озарбойҷон мераванд.

Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки дар мусобиқа ҳудуди 500 варзишгари беш аз 65 давлат иштирок менамоянд.

Варзишгарон барои иштирокашон хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд: барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 ва барои ҷои сеюм 1500 евро.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Февраль 12, 2024 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар мусобиқаи «Кing’s Сup 2026» эълон гардид
«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд