ҶУДО. Паҳлавонони тоҷик дар «Baku Grand Slam 2024» иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 16-18 феврал мусобиқаи навбатии сайри ҷаҳонии ҷудо – «Baku Grand Slam 2024» (Озарбойҷон) баргузор мешавад, ки дар он паҳлавонони тоҷик низ иштирок менамоянд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 варзишгар – 8 мард ва 4 зан: Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60кг), Абубакр Шеров, Умедҷон Раҷабов (-73кг), Сомонӣ Кишваров (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон, Шакармамад Мирмамадов (+100кг), Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг) ва Мавлуда Одинаева (-63кг) ба Озарбойҷон мераванд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо хабар додааст, ки дар мусобиқа ҳудуди 500 варзишгари беш аз 65 давлат иштирок менамоянд.
Варзишгарон барои иштирокашон хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд: барои ҷои аввал 5000 евро, ҷои дуюм – 3000 ва барои ҷои сеюм 1500 евро.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон








«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид






