Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 7000 нафар машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид

Февраль 14, 2024 15:36

ДУШАНБЕ, 14.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо беш аз 7000 нафар машварати сайёри ҳуқуқӣ гузаронид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода ба рӯзноманигорон хабар дод.

Ба гуфтаи мавсуф, дар чорабиниҳо кормандони намояндагиҳо бо намояндагӣ аз Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон паҳлуҳои мухталифи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва нақши мақомот дар пешбурд, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро матраҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1527 муроҷиати шахсони воқеӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 336 адад бештар аст. Ҳамзамон дар намояндагиҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 1037 муроҷиат сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 364 адад зиёд мебошад.

Умед Бобозода изҳор дошт, ки бо мақсади мусоидат ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон кормандони дастгоҳи марказии Ваколатдор лоиҳаи 36 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор дода, хулосаҳо пешниҳод намудаанд.

Таъкид гардид, ки аз 1527 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон воридшуда 59 адад ба таври мусбат ҳал гардидааст.

Ҳамзамон иброз шуд, ки 292 муроҷиати хаттие, ки ба мақомот ворид шудаанд, бештар ба ҳуқуқу озодиҳо дар самти ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда, манзил, таъминоти иҷтимоӣ, замин, озод будан аз зӯроварӣ ва ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ рабт доранд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 14, 2024 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд