Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуд

Февраль 26, 2024 16:21

ДУШАНБЕ, 26.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бахшида ба 29-солагии ниҳоди Ваколатдори Олии Маҷлис оид ба ҳуқуқи инсони Ҷумҳурии Узбекистон (Омбудсман) конфронси байналмилалӣ баргузор гардид, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода чун намоянда аз ҷониби Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти Ваколатдор хабар доданд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар таъмини ҳифзи шахсони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан гуфт. Ҳамчунин доир ба дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқи шахсони имконияташон маҳдуд, раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти тасдиқи (ратификатсияи) Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳифзи ҳуқуқи маъюбон, фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба баррасии муроҷиатҳои маъюбон ва монанди инҳо ибрози назар карда шуд.

Дар конфронс ваколатдорон аз давлатҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла роҳбарони ниҳоди байналмилалии омбудсменҳо аз Туркия, Италия, Австрия, Венгрия, Лаҳистон, Сербия, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Шоҳигарии Марокаш, аъзои Парлумон ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Узбекистон, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ  ва  ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок доштанд. Ҳамзамон дар конфронс Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирок намуд.

Дар доираи конфронс Умед Бобозода бо ваколатдорони ин давлатҳо суҳбату вохӯриҳо намуд. Ҷиҳати ҳамкорӣ ва минбаъд бастани Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омбудсменҳои ин мамлакатҳо мувофиқа ба даст омад.

АКС: Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд