Варзишгарони тоҷик аз Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс дар Булғористон ду медали нуқра ба даст оварданд

Февраль 13, 2024 17:12

ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 11 феврал дар шаҳри Софияи Булғористон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик ду медал ба даст оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мусобиқа 261 варзишгар (178 мард, 83 зан) аз 28 давлат иштирок намуда, тибқи қоидаҳои Ассотсиатсияи байналмилалии бокс дар 13 вазн байни мардон ва 6 вазн байни занон рақобат намуданд. Тоҷикистонро  панҷ варзишгар намояндагӣ намуда, ба гирифтани ду медали нуқра мушарраф шуданд.

Миҷгона Самадова дар вазни 57кг байни занон дар се давр бар намояндагони Ирландия, Полша ва Юнон ғолиб омада, ба финал роҳ ёфта, аз варзишгари мизбон мағлуб гашт ва сазовори ҷои дуюм шуд.

Асрор Воҳидов дар вазни -60кг байни мардҳо рақобат намуда, дар ду давр (даври аввал озод буд) бар варзишгарони Қирғизистон ва Узбекистон дастболо шуд, вале дар финал аз намояндаи дигари Узбекистон мағлуб гардида, ҷои дуюмро гирифт.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 13, 2024 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд