Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ иштирок доранд
ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 2 феврал дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ оғоз гардид, ки дар он варзишгарони Тоҷикистон иштирок доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ 2 варзишгар — Екатерина Бардачёва ва Фахриддин Мадкамов муаррифӣ менамоянд. Чемпионат интихобӣ буда, варзишгарони мо барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Париж – 2024 қувва меозмоянд.
Чемпионат таҳти сарпарастии Федератсияи ҷаҳонии шиноварӣ шаш моҳ пас аз анҷоми чемпионати пешинаи ҷаҳон дар Фукуока доир гардида, то 18 феврал идома меёбад.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши намудҳои обӣ дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Чемпионати 21-уми ҷаҳон оид ба варзишҳои намуди обӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






