14 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДАРЁҲО. Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад

Март 14, 2024 11:33

ДУШАНБЕ, 14.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 947 дарё ҷорӣ мешавад, ки дарозии умумии онҳо ба 28 ҳазору 500 км баробар мебошад. Амударё, Сирдарё, Панҷ, Зарафшон, Бартанг, Вахш, Кофарниҳон, Яғноб, Элок, Варзоб, Моғиёндарё, Зиддӣ, Фондарё, Искандардарё, Шинг, Киштрӯд, Қаратоғ, Хонақоҳ аз ҳамин қабил мебошанд.

Ин маълумот ба он рабт дорад, ки 14 март дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон Рӯзи байналмилалии дарёҳо (International Day for Rivers) маҳсуб мешавад, ки ҳадафи он ҳифзи дарёҳо, об ва ҳаёт аст. Ин сана аз баргузории нахустин конфронси байналмилалӣ моҳи марти соли 1997 дар шаҳри Куритибаи Бразилия сарчашма мегирад.

Оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад

Ҳудуди Тоҷикистон 90 фоиз аз минтақаҳои ташаккулёбандаи маҷрои дарёҳо иборат буда, захираҳои обии ҷумҳуриро пиряхҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обанбор ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки маҷрои миёнаи солонаи дарёҳо дар мамлакат ба 64 км³, аз ҷумла дар ҳавзаи дарёи Аму ба 62,9 км³ ва ҳавзаи Сирдарё ба 1,1 км³ дар як сол баробар буда, оби дарёҳои Тоҷикистон 55,4 фоизи ҳаҷми миёнаи солонаи оби ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Тоҷикистон танҳо 10 фоизи оби баҳри Арал, 15,4 фоизи ҳавзаи Амударё ва 7,8 фоизи оби Сирдарёро барои эҳтиёҷаш истифода менамояд.

Дарёҳо- дороӣ ва хазинаи беҳтарини Тоҷикистон

Тоҷикистон бо мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бойи обию гидроэнергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ давлати болооб буда, дарёҳо дороӣ ва хазинаи беҳтарини Тоҷикистон ба шумор мераванд. Амударё ва Сирдарё рӯдҳои калонтарин ва асосии Тоҷикистон буда, ҳавзаи дарёи Аму аз якҷояшавии ҷараёни оби дарёи Панҷ (бо резиши асосии дарёҳои Ғунд ва Бартанг), дарёи Вахш, (ки аз обҳои водии Олой ва Помири шимолӣ ташкил меёбад), дарёи Кофарниҳон, Сурхондарё, (ки аз нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд) ташкил меёбад.
Амударё бо масоҳати 199 350 км2, дарозии 2294 км ва ҷараёни миёнаи солонаи 78,46 км3 калонтарин дарёи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ба ҳавзаи ин дарё Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Афғонистон ва Туркманистон ҳамроҳ мебошанд. Ба ҳавзаи Амударё аз дарёҳои Вахш, Панҷ ва Кофарниҳон ҳаҷми зиёди об ворид мегардад, ки 75,5 фоизи ҳаҷми умумии захираи оби ҳавзаи дарёи Амуро ташкил менамояд. Амударё барои арзи вуҷуд доштани миллионҳо мардуми минтақа ва пешбурду рушди соҳаҳои кишоварзӣ, обёрӣ, истеҳсоли неруи барқ, саноат, таъминоти оби нӯшокӣ ва маишӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Сайҳун бо масоҳати умумии 150100км2 — дуюмин дарёи калонтарини Осиёи Марказӣ

Сирдарё ё Сайҳун дорои масоҳати умумии 150100км2 буда, дарозиаш аз нуқтаи ҳамроҳшавии дарёҳои Норин ва Қарадарё 2684 км ва аз манбаи дарёи Норин 3019 км –ро ташкил медиҳад. Сирдарё аз шимоли Тоҷикистон бо дарозии 192 км ҷорӣ шуда, ҳаҷми зиёди оби дар ҳудуди Тоҷикистон ба Сирдарё аз дарёҳои Исфара, Хоҷабоқирғон ва Оқсу воридгардида тақрибан 1,1 км3 –ро ташкил менамояд. Қисмати асосии ҷараёни оби Сирдарё дар Қазоқистон ташаккул ёфта, 75 фоизро ташкил дода, тавассути Узбекистон ва Тоҷикистон ҷорӣ гардида, дар ҳудуди Қирғизистон ба қисмати шимолии баҳри Арал пайваст мегардад.


Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон зинаи ҳаштумро ишғол менамояд

Яке аз сарчашмаҳои асосии оби дарёҳо дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон пиряхҳо буда, дар таъмини аҳолии сайёра бо оби ошомиданӣ нақши муҳим доранд. Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон зинаи ҳаштумро ишғол менамояд.

Яке аз ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 14 декабри соли 2022 бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ қабул шуд, эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо мебошад.

Қабули Қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо барои сайёра дар ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рафъи норасоии об дар сайёра муҳим ва саривақтӣ буда, бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 14, 2024 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо дар маҷаллаҳои нашриётӣ ва электронии Покистон инъикос гардиданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
Покистон ба ташаббусҳои Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад