Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода бо Сафирони Ҷумҳурии Фаронса ва Ҷопон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иброз гардид, ки Тоҷикистон дар чорабиние, ки дар шаҳри Нитсаи Фаронса моҳи июни соли 2025 баргузор шуд, ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ» таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд.
Аз ҷониби Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот як қатор пешниҳодҳо гардид.
Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ» аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт.
Инчунин дар мулоқот олимону мутахассисон аз Институти ҷуғрофияи Донишгоҳи Сюрихи Швейтсария ва Донишгоҳи Фридрихи Олмон ба таври маҷозӣ иштирок ва табодули афкор намуданд.
Баён гардид, ки ба роҳ мондани ҳамкории илмиву таҳқиқотӣ дар мавзеи Қарокул ва пиряхи Ванҷях баҳри рушди устувори иқлимӣ ва пешгирии тағйирёбии экосистемаҳои кӯҳӣ мусоидат мекунад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд






