35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид

Март 27, 2024 15:46

ТЕМУРМАЛИК, 27.03.2024. / АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки Олмонии Рушд Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик таъмиру навсозӣ гардида, моҳи сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Корҳои таъмиру навсозӣ дар беморхона моҳи августи соли 2020 оғоз гардида, моҳи декабри соли 2023 ба анҷом расиданд.

Тавре сардухтури беморхонаи ноҳия Орзубек Азиззода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, солҳои пеш шароити хизматрасонӣ дар беморхона ба талабот ҷавобгӯ набуд. Норасоии таҷҳизоти тиббӣ ба назар расида, ҳуҷраҳои кори табибон ва беморон ба талаботи рӯз ҷавобгӯ набуданд. Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беморхона навсозӣ гардида, бо дастгоҳҳои замонавии тиббӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Баъд аз таъмиру навсозии бинои беморхона ҳуҷраҳои кори табибон ва утоқҳои беморон бо мизу курсиҳои замонавӣ, рахти хоб, роҳаткурсӣ ва дигар лавозимоту таҷҳизот таъмин шудаанд. Пудратчии сохтмон ҶДММ «Ёхсу» мебошад.


Беморхона аз ду ошёна иборат буда, ба гуфтаи масъулин, ҳоло корҳо дар  ҳуҷраҳои ёрирасон ва хатҳои обу ташноб идома доранд.

Орзубек Азиззода дар идомаи суҳбат афзуд, ки беморхона барои 53 кат бунёд шуда, баъди ба истифода додан дар он шуъбаҳои таваллуд, бемориҳои кӯдакона, бемориҳои занона, ҷарроҳӣ ва эҳёгарӣ фаъолият менамоянд.

Дар айни замон дар беморхона 22 табиби дорои маълумоти олӣ, 124  корманди миёнаи тиб ва 78 корманди хурди тиб фаъолият доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 27, 2024 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад