35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар Исфара Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» ба истифода дода шуд

Март 9, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 09.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Исфара Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Масоҳати умумии маркази савдо 620 метри мураббаъ буда, бо тарҳи муосир ва услуби хоссаи меъморӣ ва бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд ёфтааст. Дар он маҳсулоти гуногун, аз қабили лавозимоти рӯзгор, хӯрокворӣ, маҳсулоти гӯштиву ширӣ, хӯришҳо, хӯрокҳои тезтайёр, нӯшокиву шириниҳо фурӯхта мешаванд.

Бо ба истифода додани ин иншооти ҷашнӣ 70 сокини маҳаллӣ дар ду баст бо кори доимӣ таъмин гардиданд, ки аксари онҳо занон мебошанд.

Дар Маркази нави савдо тамоми талабот ва меъёр риоя шуда, маҳсулот ба он мустақим ворид мешавад. Ин имкон медиҳад, ки арзиши маҳсулот нисбат ба бозор то 10 дарсад арзонтар гардад.

Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо имконоти фароҳамгардидаи Маркази савдо ва хизматрасонии «Амид» ва мулоқот бо сокинон таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар тамоми манотиқи мамлакат, аз ҷумла вилояти Суғд корҳои ободониву созандагӣ бомаром идома дошта, силсилаиншооти муҳими иқтисодию иҷтимоӣ бунёд мешавад. Ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагонӣ барои сокинон мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Март 9, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар расонаҳои Миср нашр гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол
Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон оид ба дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иншооти иҷтимоию иқтисодӣ ба истифода дода шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»