«ҲАФТ-СИН» ВА «ҲАФТ-ШИН». Оростани хони наврӯзӣ бо ин рамзҳо нишонаи хайру баракат аст

Март 23, 2024 11:40

ДУШАНБЕ, 23.03.2024. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ расму ойин ва маросиму идҳои гуногуни миллии тоҷикӣ, ба монанди Наврӯзу Меҳргон, Тиргону Сада ҳамчун ҷузъи фарҳанги миллӣ эҳё гардида, мардуми тоҷик ин ҷашнҳои беш аз шашҳазорсоларо бо риояи тамоми қоида ва рамзҳои хос таҷлил менамоянд. Аз ҷумла, Наврўзи хуҷастапай ҷашни хайрхоҳиву хайрандешӣ бо гуфтору пиндори нек буда, оростани хони наврӯзӣ бо «Ҳафт-син» ва «Ҳафт-шин» нишонаи хайру баракат аст. 

Ба андешаи мардумшиносон, ҳар маводи дар дастурхон гузошта рамзи махсусро ифода мекунад: шаҳд, шир, шароб, шакари ноб, шамъ, шамшод ва шоя (мева).

Рамзи рӯшноӣ- шамъ рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Дар анъанаи наврӯзии хони «Ҳафт шин» марбут ба ҳар узви хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.

Дигар рамзи наврӯзӣ шир буда, гузоштани он дар хони наврӯзӣ  сапедӣ ва покиро ифода месозад ва орзую омоли тамоми сол таманнои дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Чуноне ки муаррихи асрҳои VIII-IХ форсу тоҷик Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо» овардааст, ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ намуда наметавонист.

Шаҳду шакар, ширинӣ ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим доштанд. Ин рамз — рамзи орзуҳои нек нисбат ба соли нав буда, таманно менамуданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор, ёру дӯстон ширинӣ мефиристонданд.

Гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад.

Ба маротиб гиромӣ доштани шароб дар хони наврӯзии «Ҳафт шин» асосан ба он марбут аст, ки он мояи хушнудӣ ва тарабу шодӣ аст.

Дар хони наврӯзии аксари мардуми ориётабор «ҳафт син» низ маъмул буда, он аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат аст ва махсусияти хосро доро аст.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Баъзе аз донишмандон онро ба ғизои ақл маҳсуб медонанд. Ба ин сабаб санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ рамзи донишу хирад дониста мешавад.

Инчунин себ рамзи дигари ҳафтсин мебошад, ки мардумшиносон онро рамзи тандурустӣ донистаанд. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Рамзи дигар- ин сабза мебошад, ки аз зинда ва бедор шудани табиат дарак медиҳад. Он рамзи сарсабзӣ, нумӯъ ва хуррамии инсониятро бозгӯйӣ менамояд.

Гузоштани суманак дар хони наврӯзӣ нишони ғанӣ будани  зироати кишоварзӣ буда, ғизо гирифтан ва паҳлавониро низ ифода менамояд.

Сирко дар хони наврӯзӣ ифодагари пуртоқатӣ ва хирадмандӣ мебошад.

Сир рамзи саломатӣ буда, донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Бояд тазаккур дод, ки ороиши дастурхони наврӯзӣ аз урфу одатҳои ҳар миллат вобаста буда, дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми баҳорӣ, яъне аз сабзавоти баҳорӣ омодашуда низ маъмул буд. Ҳамин тавр  анъанаҳои нек бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳар хонавода мувофиқи табъаш хони наврӯзиро оро медиҳад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2024 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Дар Тоҷикистон сохтмони 9 иншооти нави фарҳангӣ идома дорад
6 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ДАСТКАШӢ АЗ ТЕЛЕФОНИ МОБИЛӢ. Имрӯз он ба воситаи бозӣ ё оромкунии кӯдакон табдил ёфтааст
Дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар гардиши дараи Алмосӣ барои гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифӣ муҷассама гузошта мешавад
Муттаҳидгардонии имтиҳонҳои хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Ин масъала мавриди омузиш қарор мегирад
ТАЪСИРИ ОМИЛИ ИНСОНӢ. Бо рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ он дар тамоми соҳаҳо ва ҳама гуна муносибатҳои молиявӣ коҳиш меёбад
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Дар Тоҷикистон низоми нави омодасозии кадрҳои илмӣ — постдокторантура амалӣ мегардад
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
БЕМОРИИ ЗУКОМ. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон барои пешгирии вирусҳои гуногун чӣ тадбирҳо меандешад?