Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 08.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии «Хутали қадим- пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ, тамаддуни бостонӣ ва ирфонии минтақаи Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Ин чорабинӣ ба муносибати қабул гардидани ёдгориҳои мероси фарҳангии Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО доир карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Баргузории Симпозиуми байналмилалӣ дар ноҳияи Восеъ бо иштироки таърихнигорону бостоншииносони давлатҳои гуногун дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки бозётфҳое, ки аз девормусввараҳои шаҳристони Ҳулбук ёфта шудаанд, имрӯз қадимтарин намуна аз хати забони тоҷикӣ мебошанд.
Дар доираи баргузории ҳамоиш якчанд чорабиниҳо, аз ҷумла Конфренсияи ҷумҳуриявии «Мавқеи Хутали қадим дар инкишофи пешрафти таърихи миллати тоҷик» дар назар аст. Инчунин сабти филм вобаста ба шаҳрҳои Хутали қадим низ ба нақша гирифта шудааст.
Бояд иброз намуд, ки забони тоҷикӣ, аз ҷумлаи қадимтарин ва гуворотарину зеботарин забонҳои дунё ба ҳисоб меравад. Далели бостонӣ будани миллати тоҷик ва забони тоҷикиро ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни ориёӣ донишмандону олимони баландпояи ҷаҳонӣ дар осори зиёди илмии худ эътироф ва тасдиқ кардаанд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






