Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад
ДУШАНБЕ, 11.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Куруши Кабир «Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ифтитоҳ мегардад, ки то 11 декабри соли равон амал менамояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
«Кӯчаи сайёҳии мавсимӣ» ҳамарӯза аз соати 11:00 то 22:00 фаъолият мекунад. Дар он баргузории барномаҳои фарҳангӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ (чӯбкорӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ, косибӣ ва ғайра), хӯрок ва хӯришҳои лаззиз, шириниҳо ва обҳои ташнагишикани ҷонибҳо, бозиҳои шавқовари варзишию зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, бозиҳои сиркӣ, намоиши театрӣ, гӯшаи аксбардорӣ бо либосҳои миллӣ ва дигар чорабиниҳои фароғатӣ дар назар аст.
Ин иқдом метавонад дар оянда барои ташкили кӯчаи сайёҳии доимамалкунанда дар пойтахти мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад.
Ёдовар мешавем, ки ин иқдом дар доираи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2025 («Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE-2025»)аз ҷониби ширкати «Ҳафт Иқлим Барман»-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии «Саёҳати диёр»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд






