Ҷавонон бояд қарзи шаҳрвандӣ — таҳсили илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Ватанро софдилона иҷро намоянд

Март 22, 2024 11:32

ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мулоқоти сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Шариф Назарзода бо донишҷӯёну устодон баҳри  шарҳу тавзеҳ додани нуктаҳои муҳими суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 9 марти имсол зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баён дошта буданд, баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин раёсат.

Мулоқот тариқи алоқаи видеоселектрӣ ҳамзамон дар Донишгоҳи давлатии технологӣ ва менеҷменти инноватсионии Кӯлоб, Коллеҷи тиббӣ ва Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо фарогирии 760 нафар  устодону донишҷӯён пахш гардид.

Сардори мақомоти корҳои дохилии вилоят Шариф Назарзода таъкид намуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст. «Вобаста ба ин барои баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасб гаштани онҳо якчанд барномаи мушаххас дар самти дастгирии ҷавонон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд, ки метавонанд баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо заминаи мусоид фароҳам оваранд. Аз ин лиҳоз ҷавононро мебояд қарзи шаҳрвандиашонро, ки маҳз таҳсили илму дониш, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ва саҳм гузоштан дар пешравии ҷомеа мебошад, иҷро намуда, бо амалу рафтори намунавӣ шоистаи таҳсин ва ифтихори волидайну миллати тоҷик гарданд»,-баён дошт ӯ.

Шариф Назарзода доир ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар ҷаласаи Шурои амният баён намуда буданд, ҳарф зада, доир ба масоили  пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бар зидди ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ, бартарафнамоии омилҳои халалдоркунандаи тартиботу оромӣ, мусодираи маводи мухаддир, тарзи дуруст ва оқилонаи истифодаи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ ва натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти милитсияи Хатлон сухан гуфт.

Таъкид гардид, ки танҳо насли донишманду босавод, дорои фарҳангу маданияти баланд ва зираку ҳушёр метавонад дар замони муосири ҷаҳонишавӣ давлату миллаташро аз хатарҳои имрӯза ҳифз намуда, баҳри рушду нумуъ ва ободу зебо гардонидани он бо талошу заҳматҳои шабонарӯзӣ саҳм гузорад. Ин аст, ки пайваста Пешвои муаззами миллат ба неруи созандаву бунёдкоронаи ҷавонон такя намуда, онҳоро насли ояндасози давлату миллат меноманд.

АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

Март 22, 2024 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ёддошти тафоҳум оид ба эътирофи мутақобили шаҳодатномаҳои ронандагӣ ба имзо расид
Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд
80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст