Ҷавонони тоҷик дар Форуми «Ҷавонони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ» иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷавонони Тоҷикистон дар Форуми «Ҷавонони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ», ки аз 6 то 13 март дар шаҳрҳои Деҳлии Нав ва Аҳмадободи Ҳиндустон доир мегардад, иштирок менамоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Имрӯз ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 20 нафар аз ҳисоби кормандони ҷавони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ барои иштирок дар ин форум ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафар намуд.
Мақсади асосии форум тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсат, варзиш, илм, маориф, фарҳанг, саноат, сайёҳӣ, технологияҳои комуникатсионӣ ва рушди ҳамкории байналмилалии ҷавонони Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд






