Ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа тақдим гардид

Март 7, 2024 14:16

ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳия туҳфаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим шуд. Дар ҳамоиши идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва занони фаъоли ноҳия иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти нақши  муассири  занону  духтарон  дар  ҳаёти  сиёсиву  иқтисодӣ  ва  иҷтимоиву  фарҳангии  мамлакат  таъмини  ҳуқуқу  манфиатҳои  занону  модаронро  яке  аз  самтҳои  муҳимтарини  сиёсати  хеш  қарор  додаанд.

Пешвои миллат ба масъалаи беҳбуди вазъи занону духтарон таваҷҷуҳи  хосса  зоҳир  намуда,  ташаббусҳои онҳоро пайваста  дастгирӣ  менамоянд. Барои занон   имрӯз тамоми  заминаву имконияти мусоид барои фаъолият фароҳам оварда шудааст.  Чун анъана ҳамасола Пешвои миллат заҳмати занони собиқадорро қадр менамоянд.

Гуфта шуд, ки ҳатто соли 2020 ба пандемияи Ковид нигоҳ накарда, ин  анъана гузаронида шуд. Занон ва модароне, ки дар рушду нумуи давлати азизамон саҳм гузошта ва то ҳол мегузоранд, бо мукофоти пулӣ дар  ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.


Инчунин суханони табрикии  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба занони собиқадор расонида ва туҳфаи Раиси шаҳри Душанбе низ ба онҳо супорида  шуд.

Адолат Узоқова, собиқадори ноҳияи Фирдавсӣ баён дошт, ки имрӯз хеле хурсанд аст, ки хизматҳои ӯро дар сатҳи баланд қадрдонӣ намуданд.

«Мо  меҳрубониву заҳматҳои ҳамарӯзаи Ҷаноби Олиро барои пешравии Тоҷикистони азизамон мебинем. Дар ин солҳо барои баланд бардоштани мақоми занону духтарон корҳои зиёд ба анҷом расонида шуданд ва мо, занон ҷавобан ба ин қадрдониҳо саъю кӯшиш менамоем, ки саҳмамонро дар пешрафти Тоҷикистон гузорем.  Ҳар  сокини мамлакат, ҳар тоҷик бояд ифтихор намояд, ки  чунин роҳбар дорад.  Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Тоҷикистон ба тозагии шаҳру маҳаллаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, махсус  иброз доштанд, ки «мо бояд табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем».


«Ман ба синни нафақа расида бошам ҳам, дар пешбурди ин иқдоми Пешвои миллат саҳм мегузорам.  Модарони тоҷик  имрӯз бояд дар ин гуна корҳои хайр саҳм гузоранд ва намунаи ибрати дигарон гарданд. Ҳар қадаре сохтору муассисаҳо таъсис дода шавад ҳам,  то вақте ки занон-модарон барои амалӣ шудани ин кор саъю талош накунанд, алалхусус дар мавриди тоза нигоҳ доштани шаҳру маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо кор пеш намеравад», — баён дошт ҳамсуҳбати АМИТ «Ховар».

Собиқадори дигари ин ноҳия Робиямоҳ Завқиева аз зебоиву шукуфоии пойтахтамон сухан намуда, баён дошт, ки  рӯзҳои охир пойтахти азизи мо- шаҳри Душанбе гулрез шуда, дар ҳар ноҳияву мақомот пайваста чорабиниҳои идона мегузаранд.

«Мо, модарон имрӯз шодем, ки давлати мо ободу пешрафта аст. Бо дастгириҳои Пешвои миллат барои занон бисёр  ташаббусҳои наҷиб амалӣ гардидаанд. Чорабинии имрӯза  низ далели таваҷҷуҳи хоси Сарвари давлатамон нисбат ба занон буда, давлату ҳукумат меҳнатҳои содиқонаю хоксоронаи моро қадрдонӣ менамоянд. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки имрӯз дар қатори дигар занони фаъол ман низ соҳиби туҳфаи махсуси Президенти Тоҷикистон гардидам.

Аз забони шоир гуфтаниям:

Худоё Тоҷикистонро нигаҳ дор,
Тамоми мардуми онро нигоҳ дор.

Дуо мекунам,ки Пешвои миллати мо доим муваффақ бошанд, сиёсати давлати мо пешрафта гардад ва тамоми мардуми тоҷик дар  рушди мамлакатамон саҳм гузорад»,-изҳор намуд Робиямоҳ Завқиева.

Хотиррасон менамоем, ки имрӯз дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе ба занони собиқадору хизматнишондодаи пойтахт туҳфаи идонаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим гардид.

Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 7, 2024 14:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Корҳо барои рафъи оқибатҳои сел аз ҷониби комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон анҷом дода шуданд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Шуурнокии ҳуқуқии миллат муайянкунандаи дараҷаи рушди давлат ва таъмингари нуфузи он дар ҷаҳони муосир аст
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои иштирокдори ИДМ доир мешавад
ҲУШДОР! 10-12 май тағйирёбии вазъи ҳаво ва офатҳои табиии эҳтимолӣ дар назар аст
Ба иштирокчиён ва маъюбони ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Дар минтақаи Кӯлоб оид ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ ҷаласа доир гардид
«ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ВАТАН ШАРАФ АСТ». Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш сарбозони аз қисмҳои ҳарбӣ баргаштаро пешвоз мегирад
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бар асари бориши шадид сел ба амал омад
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи амалишавии гранти Хазинаи глобалӣ баррасӣ гардид
Барои интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда занону духтарони болаёқат ба забономӯзӣ ҷалб гардидаанд