Ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон туҳфа тақдим шуд
ДУШАНБЕ, 07.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар арафаи Рӯзи Модар дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба занони собиқадору хизматнишондодаи ноҳия туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси шаҳри Душанбе тақдим гардид. Дар ҳамоиши идона намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Иброз гардид, ки имрӯзҳо занон-модарони тоҷик дар ҳама соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти миллӣ дар радифи мардон фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми намоён мегузоранд. Сарвари давлат ҳамеша зимни суханрониҳояшон ёдовар мешаванд, ки нақши занону духтарон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст.
Собиқадори ноҳияи Шоҳмансур шоир Меҳриниссо Бобобекова баён дошт, ки ин таваҷҷуҳи омиронаву ҷавонмардона барои онҳое аст, ки хизмат намудаанд. «Албатта, хизмати ҳар инсон барои худаш хеле кучак аст, аммо вақте ки он аз ҷониби инсонҳои бузург қадрдонӣ мешавад, гумон мекунам, ки шахс масъулияти бештареро бар дӯшаш эҳсос менамояд ва мехоҳад, ки ҳар нафаси боқимондаи умрашро сарфи масъулият, ободкории ин Ватан ва арҷгузорӣ ба хоки ин меҳани муқаддас намояд. Ҳамзамон сарафроз аз он гардад, ки меҳнаташ қадр карда мешавад».
Ба гуфтаи шоири ширинкаломи тоҷик, ин сабақе аст барои ҷавонон, яъне ҳар кас, ки софдилонаву аз рӯйи инсофу виҷдон ба Ватан хизмат намудааст, қадрдонӣ мешавад. «Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, новобаста ба кору масъулияти зиёдашон ҳаргиз собиқадоронро фаромӯш намекунанд. Ин ҳама қадрдонӣ барои мо як ҷаҳон маънӣ мебахшад ва то метавонем кӯшиш менамоем, ки баҳри рушду нумуи ин меҳан саҳми бориз гузорем», — афзуд мавсуф.

Занон ва модароне, ки дар рушду нумуи давлати азизамон саҳм гузошта ва то ҳол мегузоранд, аз номи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба андозаи 3000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.
Ҳамзамон дар идома намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аёдати собиқадорон Зебо Аминзода, Зулфия Атоӣ ва Саъбагул Қурбонова рафта, аз номи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе онҳоро бо Рӯзи Модар табрик намуда, ба онҳо туҳфаи пулӣ супориданд.
Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Зебо Аминзода аз дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти давлат изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки меҳру муҳаббат ва арҷгузорӣ ба Модар буд, ки мақому манзалати Зан-Модар бо кӯшишу заҳматҳои Сарвари давлат дар сатҳи сиёсати давлатӣ пуштибонию дастгирӣ ёфт. «Аз ин гуна қадрдонӣ сарам ба осмон расид. Дуогӯи он ҳастам, ки Пешвои миллати мо доим муваффақ бошанд, сиёсати давлати мо пешрафта ва мамлакати мо доимо осуда ва чун фасли баҳори нозанин сарсабзу гулпӯш бошад»,-баён дошт Зебо Аминзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»










Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид






