Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад

Март 15, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 15.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз бо қарори Раиси шаҳри Душанбе 17 март, соати 15:00 дар «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе мусобиқаи пойгаи аспдавонӣ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Мусобиқаи аспдавонӣ бо мақсади рушди соҳаи варзиш, тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва солимгардонии ҷомеа бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе доир мешавад.

Ба мусобиқа аспбозони ватанӣ ҷалб гардида, хоҳишмандон метавонанд дар пойга фаъолона иштирок намоянд. Ғолибони муобиқаро ҷоми рамзиву медалҳо, ифтихорномаву ҷоизаҳои молӣ интизор мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 15, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони сохторҳои шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳии шаҳри Ваҳдат ва дараи Ромит шинос гардиданд
Олимпиадаи даставӣ барои дарёфти «Ҷоми Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе» доир гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Душанбе беш аз 6500 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Кормандони мақомоти шаҳри Душанбе бо имконияти сайёҳӣ ва инфрасохтори энергетикии шаҳри Норак шинос шуданд
Барои кормандони сохторҳои пойтахт ба мавзеъҳои сайёҳии Балҷувон ва Ховалинг хатсайр ташкил гардид
Дар Душанбе 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Ҳамкории шаҳри Душанбе бо шаҳри Чонгчини Чин баррасӣ гардид
Аз водии Рашт то Искандаркӯл: мақомоти шаҳри Душанбе бо ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ рушди сайёҳии дохилиро тақвият мебахшад
Дар Душанбе маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ба беш аз 19 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Корҳо дар ду марҳилаи лоиҳаи «Харитаи электронии шаҳри Душанбе» пурра ба анҷом расидаанд
Дар Душанбе намоишгоҳи фурӯши либосҳои мактабӣ ва лавозимоти дарсӣ доир мешавад