«Бояд дар амал, бо анҷоми хизматҳои шоиста ба манфиати халқу Ватан ватандӯстии хешро собит созем»,- бардошт аз ҳамоиш дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш
ДУШАНБЕ, 02.03.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид, ки дар кори он масъалаи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳувияти миллии ҷавонон ибрози андеша намуда, гуфт, ки бақои ҳар миллату давлат ва рушди озодонаи ҳар як фард ба худшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ вобастагӣ дорад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту суботи ҷомеа ва ободиву пешрафти Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Таъкид шуд, ки ҳар яки мо бояд дар амал, бо анҷоми хизматҳои шоиста ба манфиати халқу Ватан ватандӯстии хешро собит созем. Танҳо инсони ватандӯсту ватанпарвар метавонад баҳри рушди ҷомеа ва мамлакаташ саҳмгузор бошад. Ватандӯстӣ моро ба ноил гардидан ба дастовардҳои нав ба нав, ки ба нафъи миллату давлат мебошад, ҳидоят мекунад.



Инчунин дар ҳамоиш намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат доир ба тақвияти фаъолияти идеологӣ – сиёсӣ дар самти мубориза бо зуҳуроти номатлуб, аз қабили экстремизм ва терроризм ибрози андеша карданд.
Гуфта шуд, ки имрӯзҳо тавассути шабакаҳои интернетӣ ғояҳои ифротгароӣ паҳн карда мешаванд ва ҷавонони мо бояд бо донишҳои зарурии замона мусаллаҳ гардида, равандҳои сиёсӣ, механизмҳои пайдоиши низоъҳои ҷамъиятӣ ва мазҳабӣ, инчунин, моҳияти шиору ғояҳои нерӯҳои гуногунро дарк карда, ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, руҳияи эҳтиром ба инсон, ҳамчун шахсият новобаста аз мансубияти миллиро дар худ тарбия намоянд.
Ҳадафи баргузории чунин ҳамоишҳо таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандустӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, пос доштани хотираи неки абармардон, пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна кирдорҳои ношоиста ва баланд бардоштани зиракии сиёсии ҷавонон дар раванди ҷаҳонгароӣ мебошад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид






