Бунафша Файзиддинзода дар Амрико дар ҷаласаҳои сатҳи баланд ба хотири дифои ҳуқуқу манфиатҳои занон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода дар ҷаласаи навбатии Комиссия оид ба мақоми зан таҳти унвони «Тезонидани раванди ноил шудан ба баробарии гендерӣ ва тавонмандсозии ҳамаи занону духтарон тавассути ҳалли мушкилоти камбизоатӣ ба дурнамои гендерӣ» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
Ҷаласаи навбатӣ дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардид.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳамоишҳои вазирон, мубоҳисаҳои умумӣ ва муколамаҳои интерактивӣ суханронӣ намуда, аз боби дастоварду муваффақияти занону духтарони тоҷик, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ, саҳми занон дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуд.
АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






