Чӣ гуна метавон ба таври фосилавӣ бе асабоният кор намуд?

Март 15, 2024 11:17

ДУШАНБЕ, 15.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Кори фосилавӣ»– кори ин хеле мувофиқ аст, ширкат низ барои идора маблағҳои зиёдатӣ сарф намекунад. Барои ҳамин ин тарзи кор дар айни замон тренди устуворе аст, ки корфармоён дастгирӣ менамоянд. Пас барои кори фосилавӣ чӣ лозим аст ва кадом воситаҳо имкон медиҳанд, ки корманд дар хона ҳам худро чун дар корхонаи таҷҳизонида хуб  эҳсос намояд.

Интернети боэътимод

Боэътимод – яъне устувор, бемаҳдуд ва босуръат. Ба ҳамаи ин талабот дастрасии ноқилие, ки дар айни замон операторони мобилӣ низ пешниҳод менамоянд, ҷавобгӯ  мебошад. Масалан, ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дорои силсилаи тарофаҳои «Барои хона» мебошад, ки пайвасткунии он дар бисёр ноҳияҳои пойтахт дастрас аст (дар ҳоле, ки бисёр провайдерҳои анъанавӣ чунин имконият надоранд). Барои кори фосилавӣ тарофаи босуръаттарини ин силсила – «Барои хона 10 Мбит/с» мувофиқ меояд.

Параметрҳои он чунин мебошанд: дастрасӣ ба манбаъҳои берунии интернетӣ бо суръати 10 Мбит/с, ба манбаъҳои дар ҳудуди домении tjқарордошта бо суръати 100/с ва 20 Мбит/с барои шабакаҳои иҷтимоӣ. Шабона аз соати 00:00 то 06:59 истифодабарандагон бо суръати 30 Мбит/c кор карда метавонанд, чунин имконият дар сурати қарор доштани фармоишгарони шумо дар минтақаи дигари соат хеле мувофиқ аст. Тарофа имкон медиҳад, ки ҳатто файлҳои вазнин фиристода шуда, конфронсҳои видеоӣ баргузор шаванд. Арзиш – 280 сомонӣ дар як моҳ. Барои «корманди фосилавӣ» чунин шароит ниҳоят муносиб аст. Ҳангоми мавҷуд будани имконияти техникӣ «Интернет барои хона» баъди гузоштани дархост бо рақами 4747 ё дар сомона давоми шабонарӯз пайваст карда мешавад.

Мехоҳед, ки суръати интернет боз ҳам тезтар шавад? Барои ин «турбо-тугма» мавҷуд аст ва он имкон медиҳад, ки ба суръати дастрасӣ то 40 Мбит/cилова карда шавад. Видео дар вақти конфронс аниқ ба монеае дучор намешавад! Муфассал дар бораи «Бастаҳои Турбо» ба ин суроға ворид шавед.

Алоқаи конфронсӣ бо ҳамкорон ва шарикон 

Зангҳои одӣ дар ҳоле ба кор меоянд, ки агар ҳамсуҳбати шумо як нафар бошад. Вақте муҳокимаи масъалаҳои корӣ бо теъдоди зиёдтари одамон зарур меояд, ташкили чати гурӯҳӣ ё алоқаи коллективии видеоӣ бештар мувофиқи мақсад мебошад. Воситаи муносиб – «MegaFon Meet» бо имконияти ташкили ҳуҷраҳои виртуалӣ барои вохӯриҳо бо ҳамкорону шарикон маҳсуб мешавад. Ин восита имкон медиҳад, ки рафти конфронс сабт шуда, сифати видео низ, масалан, бо мақсади намоиши ҳуҷҷатҳо ва нақшаву муаррифиҳо танзим шавад.

Ҳар муштарии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» имкон дорад, ки тавассути «MegaFonMeet» ҳуҷраро барои конфронси видеоӣ ташкил намояд. Барои пайвасткунӣ кофӣ аст, ки дар смартфон дархости *525#-ро рақамчинӣ кунед, баъди он аз тавозун маблағ гирифта мешавад. Он 5 сомониро дар як моҳ ташкил медиҳад. Сипас шуморо зарур аст, ки ба суроға гузашта, бо дохилкунии рақами телефон худро сабт намоед. Дар ҷавоб рамзи нодир барои воридшавӣ ба «MegaFon Meet» ворид мегардад. Пас аз ин дар равзанаи ташкили ҳуҷра лозим аст, ки номи худ ва номи вохӯриро ворид намоед. Соҳиби рақам ба таври автоматӣ модератор мешавад ва пурра ҷараёнро идора менамояд. Барои даъвати иштирокчиён бояд занги видеоӣ анҷом дода шуда, суроғаи нодир нусхабардорӣ карда, ба шахсони зарурӣ фиристода шавад. Вақте онҳо аз рӯи суроға мегузаранд ва номҳояшонро ворид менамоянд, ташкилкунандаи вохӯрӣ барои воридшавӣ дархост қабул менамояд, танҳо боқӣ мемонад, ки онҳо қабул ва конфронс шуруъ шавад.

IР-суроғаи ҷудогардида 

Он барои бехатарии истифодабаранда – назорати миқдори зиёди маълумот, ҳимоя аз ҳамлаҳои зараровар ва дастрасии ғайриқонунӣ ба файлҳои КШ лозим аст. Хизматрасонии «IP-суроғаи ҷудогардида» аз ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба таъмини таҳвили устувори видео ва аудио бе таъхиру номураттабиҳо, танзимкунии сатҳҳои иловагии ҳимоя тариқи ташкили монеаҳо ба киберҳамлаҳои эҳтимолӣ мусоидат менамояд.

Барои пайвасткунии хизматрасонӣ зарур аст, ки ба рақами аллакай шиноси 4747 даъват анҷом дода, дархост гузоред. Пардохт барои IP-суроғаи ҷудогардида 200 сомониро дар як сол ташкил дода, он аз ҳисоби абонентӣ гирифта мешавад. Маҳз бо ҳамон рақами 4747 дилхоҳ вақт метавонед саволҳоятонро вобаста ба танзими интернети хонагӣ бидиҳед. Дар ҳолатҳои душвор муҳандиси ширкати «МегаФон Тоҷикистон» меояд ва дар бартарафсозии камбудиҳо бо ҷойи корӣ кумак намуда, онро тавре танзим менамояд, ки дар худи идора дастрас аст.

АКС: ширкати «МегаФон Тоҷикистон»

Март 15, 2024 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Хатлон иқдоми ҳизбии «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» баргузор гардид
Масъалаҳои ташаккул ва рушди иқтисодиёти «сабз» дар шароити саноатикунонӣ баррасӣ карда шуданд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Бодиринг аз витаминҳои C ва K, минералҳои калий, магний ва антиоксидантҳо бой мебошад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат дар назар аст
ПИРЯХҲО ВА ОЯНДАИ САЙЁРА. Душанбе ба маркази муколамаи ҷаҳонӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 май, панҷшанбе, 128-умин рӯзи соли 2025 аст
Бахшида ба Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Вобаста ба таҳияи омори расмии раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҳамоиш доир шуд
Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия таҷҳизоти нигоҳдорӣ ва истифодаи китобҳо беҳтар мегардад