Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзуи «Шарҳи санадҳои қонунгузорӣ, байналмилалӣ ва барномавӣ дар бораи муқовимат ба коррупсия» машғулият баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин агентӣ.
Ҳадаф аз баргузории ҷаласа ба хизматчиёни давлатӣ фаҳмонидани сабабу омилҳои пешгирии коррупсия ва даст назадани онҳо ба кирдорҳои ғайриқонунӣ дар фаъолияти хизматиашон мебошад.
Директори Агентии содирот иброз дошт, ки дар агентӣ комиссияи дохилиидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъсис ва барномаву нақшаи чорабиниҳои амалисозии он тасдиқ шудааст. Инчунин бо мақсади таҳкими самарабахши фаъолияти кормандон, баланд бардоштани касбият, донишу малака ва ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ нақшаи машғулияти идоравии Агентии содирот тасдиқ гардида, дар баробари дигар мавзуъҳои мубрам инчунин омӯзиши қонунгузории зиддикоррупсионӣ низ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷониби намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия оид ба таърихи пайдоиши коррупсия ва марҳилаҳои ташаккули он, таҷрибаи давлатҳои муваффақи ҷаҳон дар муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб, инчунин вобаста ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ)» маълумоти муфассалу таҳлилӣ пешниҳод гардид.
АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






