Дар Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт Наврӯз бо оростани дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин баргузор гардид

Март 25, 2024 14:58

РАШТ, 25.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Хуфаки Ҷамоати деҳоти Қалъанаки ноҳияи Рашт ҷашни Наврузи  байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар тантанаҳои идона хонандагону омӯзгорон ва аҳли деҳа хурсандона иштирок намуда, дастурхони идонаи ҳафтсину ҳафтшин ороста, суманаку ва дигар хӯрокҳои миллӣ омода намуданд.  Дар ин хусус масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба хабарнигори минтақавии АМИТ  «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд  иттилоъ доданд.

Мудири шуъбаи кишоварзии ноҳияи Рашт Мирзовалӣ Латифов иброз дошт, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон замина гузошт, ки Ҳукумати мамлакат ба таъриху фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ таваҷҷуҳи хосса диҳад ва барои эҳёи арзишҳои миллӣ талош намояд. Дар қатори ҷашнҳои миллию мардумӣ таҷлили ҷашни Наврӯз байни мардуми тоҷик ва тоҷикистониён мақоми калидӣ дорад.  Бояд гуфт, ки ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ва дар сатҳи байналмиллалӣ таҷлил намудани он нишонаи аз тарафи халқҳои гуногуни ҷаҳон эътироф гардидани бузургии он мебошад».

Имрӯзҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт сокинони  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳия бо баргузор намудани анъанаҳои неки ниёгон  Наврӯзи байналмилалиро   ҷашн гирифта истодаанд. Инчунин бо мақсади арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии занону духтарон ва тарғиби либосҳои миллӣ, дурӣ аз фарҳанги бегона дар доираи нақшаи ҷашни Наврӯз дар  ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аксияи тарғиботии «Тоҷикона мепӯшем!» ва Фестивал-озмуни  «Сад ранги чакан» байни духтарон мегузарад.

Аз омадани Наврӯз, қабл аз ҳама, кӯдакон бо баргузории маросими «Гулгардонӣ» ба дигарон пайғом мерасонанд. Ин маросим як ҳафта қабл аз Наврӯз, яъне дар аввали даҳаи дуюми моҳи март аз сӯйи гурӯҳи кӯдакон, ки дар даст гулҳо доранд, иҷро мешавад. Дар ноҳияи Рашт маросими «Гулгардонӣ», ки кӯдакони гулгардон ба ҳар манзил наздик шуда, бо қироати шеър фарорасии фасли баҳорро ба соҳибони он хонадон шодбош мегӯянд, баргузор гардид.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Март 25, 2024 14:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст