Дар Душанбе баҳри баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонон ҳамоиш доир гардид

Март 9, 2024 10:39

ДУШАНБЕ, 09.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз намуданд, ки ҷавонон неруи созанда ва пайравони асили сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон тамоми шароити заруриро ҷиҳати таҳсил ва фаъолияти корӣ фароҳам овардааст. Таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва рӯ овардани онҳо ба тамаддуну фарҳанги миллӣ яке аз самтҳои фаъолияти Вазорати маориф ва илм буда, вазорат барои амалигардонии он дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои дахлдор аз тамоми имконияти мавҷуда истифода мебарад.

Дар идома аъзои ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» оид ба фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гирифтанд.

Қабл аз баргузории дарси кушоди омӯзишӣ ҷавонон-аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо фаъолияти кормандони Вазорати маориф ва илм шинос шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 9, 2024 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад