Дар Душанбе китоби «Чашмаи меҳр»-и Исматулло Холиқов рӯнамоӣ гардид

Март 6, 2024 18:00

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе китоби «Чашмаи меҳр»-и Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Исматулло Холиқов рӯнамоӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе».

Дар робита ба ин дар пойтахт  ҳамоиш баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва намояндагони аҳли фарҳангу санъати тоҷик иштирок ва изҳори андеша намуданд.

Таъкид гардид, ки имрӯз мактабҳои мусиқии мамлакат ба чунин дастурҳои касбии таълимӣ ниёз доранд. Нашри китоби «Чашмаи меҳр» метавонад то ҷое ин фазои холиро пур намояд.

Тазаккур дода шуд, ки Исматулло Холиқов на танҳо ҳамчун овозхон, балки оҳангсоз ва тарбиятгари насли ҷавон низ буда, дар ин самт хидматҳои шоиста анҷом додааст. Имрӯз ҳам дар ин ҷода бо дилгармӣ фаъолият дорад ва пайваста суруду оҳангҳои тоза ба тоза, ки мазмуни баланди ватандорӣ, муҳаббат ба муқаддасоти мамлакати ҳамешабаҳор, ёру диёр, арҷ гузоштан ба ҷойгоҳи баланди зан-модар доранд, эҷод менамояд.

Маврид ба тазаккур аст, ки Исматулло Холиқов дар рушди санъати мусиқии тоҷик хидмати босазо ва шоистаро ба анҷом мерасонад.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»

Март 6, 2024 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» моҳи октябр баргузор мешавад
Китоби тозанашри «Коллексияи Пешвои миллат дар Осорхонаи миллӣ» муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии санъати сиркӣ таҳти унвони «Дунёи сирк — пайвандгари қалбҳо» идома дорад
Китоби «Мероси таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе» аз чоп баромад
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ПАЙВАНДГАРИ ТОҶИКОН ВА ФОРСИЗАБОНОН. Дар ҳошияи китоби Президенти Тоҷикистон «Забони миллат – ҳастии миллат»
Аъзои ҳайати Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни тоҷикон шинос гардиданд
Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО ворид гардиданд
«ҶАҲОНИ СИРК ДИЛҲОРО МУТТАҲИД МЕКУНАД!». Фестивали якуми байналмилалии санъати сиркӣ оғоз меёбад
Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид