Дар Душанбе оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳамчун омили рушд дар стратегияи давлатдории миллӣ ҳамоиш доир шуд

Март 22, 2024 09:19

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз таҳти унвони «Ҳифзи мероси фарҳангӣ ҳамчун омили рушд дар стратегияи давлатдории миллӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти ин марказ хабар доданд.

Директори Марказ Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ҷашнеро ба тимсоли Наврӯз дарёфтан маҳол аст, ки аз замонҳои хеле дур падид омада, асолаташро то имрӯз ҳифз карда бошад. «Наврӯз аз бостонитарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёӣ аст, ки ба унвони иди баҳор, тақвими астрономӣ ва эҳёи табиат дар кулли давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21-22 март ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни бостонии Наврӯз, ки ҳувият ва хусусияти миллӣ дорад, рамзи пайванди наслҳо ва қавмҳо мебошад. Сабаби мондагории Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни мардумӣ ва табиӣ будани он аст, ки аз оғоз дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеа ташаккул ёфта, минбаъд ба ҳайси ҷашни давлатӣ ва байналмиллалӣ эътироф шудааст»,-изҳор дошт мавсуф.

Таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ барои тоҷикон ва кулли давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз мояи ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардида, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши чандинсолаи Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Гуфта шуд, ки Наврӯз арзишмандтарин, волотарин ва бузургтарин ҷашни бостонӣ ва муосир дар таърихи тамаддуни мардуми ориётабор ва аҳли башар мебошад, ки аз замонҳои хеле дур то рӯзгори мо омада, то имрӯз ҳифз шудааст. Наврӯз ҷашни бостонӣ ва муосир, яке аз рукнҳои фарҳанги миллӣ, пайвандгари наслҳо ва хотираи таърихии мардуми тоҷик аст, ки дар садаи 21 нуфузу эътибори он ба ҳайси ҷашни умумибашарӣ афзудааст.

АКС:  Хадамоти матбуоти Маркази стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2024 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Мо ду ҷашни муқаддас ва бузург дорем, ки яке ҷашни истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва дигаре Наврӯз аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
Бунмояҳои астрономӣ ва космологии ҷашни Наврӯз
Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»
Маркази байналмилалии Наврӯз — рамзи эҳё ва муаррифии фарҳанги миллии тоҷикон
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
НАВРӮЗ — ВАСИЛАИ МУАССИРИ МУКОЛАМАИ ТАМАДДУНҲО. Таҳти ин унвон конфронси илмию амалӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид