Пешвои миллат: «Фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо эътироф гардидааст»

Март 20, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 20.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои башар, оғози соли нав, айёми аз сардӣ ба гармӣ баромадан, эҳёи дубораи табиат ва тамоми мавҷудоту набототи он мебошад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз.

Пешвои миллат изҳор доштанд, ки мардумони куҳанбунёди ориёитабор ғайр аз Наврӯз ойину ҷашнҳои дигари бостонӣ, аз ҷумла Сада, Тиргон ва Меҳргонро низ таҷлил мекунанд, вале Наврӯз дар байни онҳо шукуҳу ҷалоли хосса дорад.

«Гузаштагони некному хирадманди мо ин ҷашнро бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёд давоми беш аз шаш ҳазор сол ҳифз карда, то замони мо расониданд. Ин ҷашни фархунда давоми ҳазорсолаҳо ба мероси гаронбаҳои фарҳанги мардумӣ ва ҷузъи ҷудоинопазири ҳувияту ифтихори миллии мо табдил ёфтааст», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки фарҳанги пурарзиши наврӯзӣ тадриҷан ҳамчун омили муҳимми сулҳу оромӣ ва ҳамзистии фарҳангу тамаддунҳо ва қаламравҳои гуногун эътироф гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Март 20, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид