Эмомалӣ Раҳмон: «Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст»
ДУШАНБЕ, 20.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Номи Наврӯз давоми ҳазорсолаҳо дигар нашудааст ва бо ҳамин номи мантиқиву зебо то замони мо зинда мондааст. Имрӯз мардумони давлатҳои гуногун ҳамдигарро бо забони ширину зебои тоҷикии «Наврӯз муборак!» шодбош мегӯянд. Чунин омадааст дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯз.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки ниёгони хирадманди мо маҳз ҳамин рӯз, яъне эътидоли баҳориро оғози соли нави хуршедӣ қарор додаанд ва онро бо калимаи зебои тоҷикӣ «наврӯз» ном ниҳодаанд.
«Таърихан тоҷикӣ будани номи Наврӯз гувоҳи равшани он аст, ки ин ойини муборак бо таърихи беш аз шашҳазорсолааш аз муҳити зисти ниёгони ориёитабори мо бархостааст. Бинобар ин, мо – ворисони ин ҷашни зеборо зарур аст, ки бо бунёди Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе ба арзишу суннатҳои он арҷ гузорем, онҳоро ҳифз кунем ва густариш диҳем, зеро ҳифзи ин ҷашн, пеш аз ҳама, посдориву нигоҳдории яке аз шоҳсутунҳои ҳувияту худшиносии миллии мо мебошад»,- афзуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат ҳамчунин иброз намуданд, ки ҳарчанд баробаршавии шабу рӯз дар як сол ду маротиба рух медиҳад, аммо Наврӯз ҳамчун падидаи зебои табиӣ эҳёи табиат ва мавҷудоти оламро дар фасли баҳор, яъне нишонаҳои зиндагии навро таҷассум мекунад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд






