Дар Исфара зимни банду басти меваи хушк ва маҳсулоти қаннодӣ аз усулҳои нав истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 09.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара бо тарзу усулҳои нави банду басти меваи хушк, маҳсулоти қаннодӣ ва кулолгарӣ шинос гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Шаҳри Исфара бо истеҳсол ва банду басти хушкмева маъруф буда, маҳсулоти аҳли меҳнати шаҳр дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ харидори сершумор дорад. Дар ин раванд дар корхонаҳои банду басти шаҳри Исфара хушкмеваҳо бо тарҳу ороиши хос пешкаши мизоҷон гардонида мешаванд.
Таъкид гардид, ки бо талошҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз мамлакати моро дар арсаи ҷаҳонӣ хуб мешиносанд. Маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда ба кишварҳои хориҷӣ содирот шуда, бо ин роҳ давлатамон муаррифӣ мегардад.
Бо мақсади муаррифии шоистаи имконоти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳунарҳои халқӣ имрӯзҳо банду басти меваи хушк бо тарзу усули хосаи миллӣ амалӣ мешавад. Барои ин аз тарафи ҳунармандони шаҳри Исфара намудҳои гуногуни қуттӣ, ки асосан аз маҳсулоти табиӣ бо омезиши нақшу нигори миллӣ омода гардидаанд, истифода мешаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Имрӯз дар Душанбе вохӯрии чоруми вазирони саноати СҲИ баргузор гардид
Президенти Тоҷикистон: «Шумораи корхонаҳои саноатӣ дар Суғд дар солҳои соҳибистиқлолӣ 11 баробар афзоиш ёфт»
Дар Душанбе ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории сатҳи баланди СҲИ оид ба саноат доир гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷӣ-Тоҷикистон–2026 баргузор гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истиқлол марҳилаи дуюми корхонаи металлургии ҶДММ «Ширкати кӯҳии Тоҷикистону Чин»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти истеҳсолии корхонаи азими саноати маъдантозакунии Адрасмон оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи нави орди ҶДММ «Ирода Инвест» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти коргоҳи истеҳсолии равғани ҶДММ «Анқо-инвест» оғоз бахшиданд
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
Дар Сеул байни вазоратҳои саноати Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






