Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид

Март 3, 2024 13:31

ДУШАНБЕ, 03.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид, ки дар он ғолибони даври муассисавӣ ва ҷавондухтарон фаъолона иштирок намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар озмун муовини раиси шаҳр иброз дошт, ки тоҷикон аз замонҳои кадим ба таърих, эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, дар саросари ҷаҳон ба унвони қавми тамаддунофар шуҳрат пайдо намудаанд.

Таъкид гардид, ки то кунун беҳтарин суннатҳо ва анъанаву оинҳои миллии мо, ки маҳфуз мондаанд, имрӯз бо шарофати соҳибистиклолӣ ва эҳёи онҳо моро ҳамчун миллати соҳиби маданияти қадимӣ ва дорои олитарин арзишҳои фикриву фарҳангӣ дар ҷаҳон мешиносанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки имрӯз беҳтарин ва нодиртарин суннатҳои фарҳангӣ-миллии мо дар муносибат ба кадбонугӣ, дастархонороӣ ва маърифати оиладорӣ дубора эҳё гардидаанд.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз шартҳои гуногун, аз ҷумла қироати суруду таронаҳо дар васфи модар, омода намудани хамир ва буридани зувола, ороиши мӯй, ороиши дастархон, намоиши либосҳои миллӣ, парпечи кӯдак, омода намудани хӯриш аз сабзавоти тару тоза иборат буд, ки дар он ҳунару завқи кадбонуҳо пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.

Тибқи Низомнома, озмун аз якчанд шарт — ороиши дастархони тоҷикӣ бо пешниҳоди таомҳои миллӣ, намоиши либосҳои миллӣ, қироати шеърҳо ва таронаҳо дар васфи Зан-Модар, маҳорати хондани суруди «Алла» ва маҳорати рақси якка иборат буд, ки иштирокчиён аз уҳдаи иҷрои шартҳои он ба хубӣ баромаданд.

Мақсад аз доир намудани чунин озмунҳо омода шудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона ва расму оинҳои миллӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон

Март 3, 2024 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд