Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Шурои ҷамъиятии шаҳрҳои Кӯлоб, Норак, Левакант, ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Ҳамадонӣ, Восеъ, Балҷувон, Темурмалик, Фархор ва Данғараи вилояти Хатлон дар шакли мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он масъалаи тавсеа додани доираи фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии ин шаҳру ноҳияҳо бо назардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳисоботи фаъолияти ин шуроҳо шунида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Шурои ҷамъиятӣ хабар доданд.
Дар натиҷаи баррасии масъалаҳо қарорҳо қабул шуданд, аз ҷумла аз ҷониби ин шуроҳо барои узвият ташкилоти навро қабул карда шаванд, ба ҳама гуна навиштаҳои бардурӯғ ва тарғибҳое, ки дар интернет ва шабаҳои иҷтимоӣ паҳн мешаванд ва ба раванди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ халал мерасонанд, сари вақт вокуниш нишон дода, посухҳои дурусту саҳеҳ ва ошкоркунанда диҳанд.
Дар кори ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон корманди масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири маориф ва илм, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, котиби ҳамоҳангсози Шурои ҷамъиятии Тоҷикистон, раисони Кумитаи кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, муовини Раиси вилояти Хатлон доир ба масъалаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ- ҳамчун василаи муҳими баланд бардоштани худшиносии миллии ҷавонон сухан намуданд.
АКС: Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






