Дар ноҳияи Деваштич бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин вохӯрӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 19.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯрии гурӯҳи корӣ бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини ноҳияи Деваштич баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар он Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода ва масъулон иштирок намуданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ Зулфиқор Гулаҳмадзода оид ба моҳияти нуктаҳои асосии паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, 9 марти имсол дар “Кохи Ваҳдат”-и шаҳри Душанбе ироа гардид, сухан гуфт.
Дар вохӯрӣ масалаҳои пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ва анҷом додани корҳои таблиғотӣ дар ин самт, истифодаи сарфакоронаи қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо, анҷом додани кишти зироат, зиёд намудани майдони кишти картошка, истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, вусъати корҳои ободонию бунёдкорӣ ба ифтихори истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бунёди корхонаву коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Деваштич вазифадор карда шуд, ки аз ҳисоби фаъолон, масъулини бахши иҷтимоӣ ва ходимони дини ноҳия гурӯҳи корӣ таъсис дода, ҷиҳати гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо усули рӯ ба рӯ ва кӯча ба кӯча бо сокинони ноҳия ва расонидани масъалаҳои гуфташуда тадбирҳои амалӣ андешанд.
Инчунин таъкид гардид, ки дар баробари ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангии халқи тоҷик, тавре Сарвари давлат иброз намуданд, моро зарур аст, ки ба туҳмату буҳтон ва санги маломат нисбат ба дини мубини ислом низ бетараф набошем.
АКС: Маркази таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзишиназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст






