Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд

Март 26, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 26.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Сокинони ноҳияи Мастчоҳ Наврӯзи хуҷастапайро пуршукӯҳ ва бо шаҳомати хосса ҷашн гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад, меҳмонон дар Боғи фарҳангию фароғатии «Тоҷикистон» аз намоиши хӯрокҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ, варзиш ва маориф тамошо намуда, ба ҳунари кадбонуҳои мастчоҳӣ баҳои баланд доданд.

Зимни ҷамомади тантанавӣ, ки дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор шуд, иброз гардид, ки моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат намудааст.

Яке аз бузургтарин ҳикматҳои ин ҷашни мардумӣ дар он зоҳир мегардад, ки омили муттаҳидкунанда ва василаи ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳои гуногун ба ҳисоб рафта, ниёзҳои маънавию иҷтимоии мардуми оламро қонеъ мегардонад.

Наврӯз на танҳо ҷашни оғози сол ва эҳёи табиат, балки таконбахши андешаи таҳаммулгароӣ, ваҳдату сарҷамъии инсоният ва дар айни замон омили тақвиятдиҳандаи ифтихори миллии мо мебошад.

Санъаткорони бахши фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ пешкаши иштирокдорон намуданд.

АКС: дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Мастчоҳ

Март 26, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Анқара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши муштарак баргузор гардид
Дар шаҳри Новосибирск Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Сайри гули лола баргузор гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Озарбойҷон таҷлил карда шуд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Лиони Фаронса таҷлил гардид
Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Конфедератсияи Швейтсария Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил карда шуд
Оид ба Наврӯз ва ҳамбастагии олимону адибони Тоҷикистон ва Афғонистон маҳфили илмию фарҳангӣ доир шуд
Шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Ёвонро Ғазалшои Давлатшо ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода соҳиб шуданд
Фестивали муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оид ба ҷашни Наврӯз баргузор шуд
Дар Ҳисор базми идонаи наврӯзӣ баргузор гардид
Дар Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
ДИПЛОМАТИЯИ ФАРҲАНГӢ. Наврӯз обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардорад