Дар шаҳри Бохтар Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардид
ДУШАНБЕ, 30.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Прокуратураи ҳарбии гарнизони Бохтар Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид, ки зимни он масъалаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар соли 2023 натиҷагирӣ ва нақшаҳо барои даъвати баҳории соли 2024 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар хабар доданд.
Иброз гардид, ки натиҷаи санҷишҳо муайян намуд, ки шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат мепайванданд, афзоиш ёфтааст, ки ин далели болоравии ҳисси меҳанпарастӣ ва ғурури давлатдории ҳар ҷавони бонангу номуси мамлакат мебошад. Ҳамзамон таъкид шуд, ки шароити хизмат дар қисмҳои низомӣ беҳтар гардида, ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мебошад.
Гуфта шуд, ки дар ҷузъу томҳои ҳарбии гарнизони Бохтар талаботи қонунҳо, оинномаҳои ҳарбию сарҳадӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя ва иҷро гардида, баҳри ташкили шароити хуби хизмати ҳарбӣ корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд.
Аъзои Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба корҳои анҷомёфта дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар намуда, ҳамчунин масъалаҳои таъмини хизматчиёни ҳарбӣ бо озуқа, амволи шайъӣ ва дигар намуди амволи махсус, таҷрибаи тафтишотӣ-судӣ оид ба ҷиноятҳои вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Дар идома ба раисони комиссияҳои даъватӣ ва комиссарони ҳарбии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дастур дода шуд, ки даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо масъулияти бузурги ватандорӣ ва сифатнок иҷро намоянд.
Гуфта шуд, ки вазъияти кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ, таҳдиду хатарҳои тероризму экстремизм, бархӯрди манфиатҳо ва ҳолатҳои ногувор бори дигар моро ҳушдор медиҳанд, ки ҷавононамон дар навбати аввал ҷисману руҳан бояд қавӣ бошанд, яъне аз мактаби матонату ҷасорат- хизмати ҳарбӣ сарбаландона гузаранд. Ҷавононе, ки хизмати ҳатмии ҳарбиро адо менамоянд, ҳеҷ гоҳ ба доми гурӯҳҳои тундрав намеафтанд.
Ҳамзамон ба аъзои Шуро ва кормандони прокуратураи ҳарбӣ дастур дода шуд, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ва ватандӯстии сарбозону афсарон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар








Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони ватандӯсти Панҷакент барои хизмат ба Ватан ба сафи Артиши миллӣ рафтанд
Ноҳияи Хуросон нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Ҷавонони сарбаланди ноҳияи Вахш бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Артиши миллӣ ҳамроҳ шуданд
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Ворух ва Чоркӯҳи шаҳри Исфара дар рӯзи якум иҷро гардид
Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид
Ноҳияи Данғара нақшаи даъвати тирамоҳиро дар рӯзи якум иҷро намуд
Дар ноҳияи Айнӣ ҳамоиши ботантанаи гусели наваскарон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъват ба сафи Артиши миллиро 100 фоиз иҷро намуданд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар Норак дар рӯзи якум иҷро шуд
РИСОЛАТИ ҶАВОНМАРДӢ. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нахустин шуда, нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллиро 101 фоиз иҷро намуд






