Дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон доир гардид

Март 22, 2024 11:04

ДУШАНБЕ, 22.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд ҳамоиши гирандагони Стипендияи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат» бо иштироки васеи гирандагони стипендияҳои президентӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази таҳлил ва иттилооти дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳамоиш бо намоиши дастовардҳои ҷавонони вилоят дар самтҳои илм, варзиш, ҳунару ҳунармандӣ, ихтироъкорӣ ва техникаву технология доир шуд. Роҳбарият дар намоишгоҳ ба қолибҳои чанд ихтирооти ҷавонони ихтироъкор баҳои баланд дода, ба масъулини Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят барои дастгириву амалӣ намудани ҳамкории мутақобилан судманд бо чунин ҷавонони фаъолу ояндадор дастуру супориш доданд.

Дар ҳамоиш зиёда аз 476 нафар гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд фаъолона иштирок намуданд. Имсол теъдоди Стипендияи президентӣ аз 400 ба 3000 адад ва маблағи он низ ба 600 сомонӣ расонида шуд.

Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон намунаи олии таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, ба ҳавасманд намудани насли ҷавон баҳри ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малака ва истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки иқдоми наҷиб ва ғамхоронаи Пешвои миллат нисбат ба насли наврасу ҷавон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолии мамлакат баръало эҳсос гардида, ба хотири руҳбаланд намудани наврасону ҷавонон ва бо мақсади таъмини таҳсилоти муносиби ҷавонон якчанд  имтиёзҳо, аз ҷумла Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона иштирок менамоянд, таъсис дода шудааст.

Аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ  ба ҳар гирандаи Стипендияи президентӣ шаҳодатнома ва маблағҳои ҷудогардида аз Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои тантанавӣ тақдим гардид.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 22, 2024 11:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд