Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баргузор гардид

Март 6, 2024 09:39

ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷидда мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ Сироҷиддин Муҳриддин  ва шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ва роҳҳои таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат дар самтҳои мухталиф баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ҷонибҳо бо мақсади тақвияти ҳамкории дуҷониба аз ҳама зарфият ва механизмҳои мавҷуда истифода намуда, давоми соли 2024 барои гузаронидани якчанд чорабинӣ ва ҳамоишҳои муштарак иқдом менамоянд.

Инчунин роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи буҳронӣ дар Фаластин табодули назар намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2024 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид